Зилзилаи 6.1-дараҷаӣ Кирмони Эронро ларзонд
Заминларзае ба бузургии 6.1 дараҷа аз рӯйи ҷадвали Рихтер субҳи имрӯз шаҳри Ҳуҷидки Кирмон, ҷануби Эронро ларзонд. Ин заминларза мӯҷиби тарси сокинони ин шаҳр ва дигар шаҳрҳои устони Кирмон шуда, онҳоро ба хиёбонҳо кашонд.
Ба гуфтаи масъулон, бо таваҷҷуҳ ба муқовимсозии манозил тайи чанд соли гузашта ин зилзила талафоти ҷонӣ надошта ва бар асоси охирин омор, 51 нафар масдум шудааст. Бештарин хисорот марбут ба рехтани сақфу деворҳои хонаҳои хиштӣ эълом шудааст.
Пас аз вуқӯи ин ҳодиса нерӯҳои имдоду наҷоти Ҳилоли Аҳмар, нерӯҳои мудирияти буҳрон, гурӯҳҳои имдодрасонӣ аз Сипоҳи посдорон, артиш ва бархе аз масъулон ба минтақа шитофтанд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон низ дар тамоси телефонӣ бо вазири умури дохилии кишвар дастурҳои лозимро ба манзури имдодрасонӣ ба зилзилазадагон содир кард.