Дидори дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҳинд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i118016-Дидори_дабири_Шӯрои_амнияти_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_бо_сафири_Ҳинд
Дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Ноябр 15, 2024 19:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳинд
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳинд

Дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дидору гуфтугӯ кард.

Дар таърихи 15 ноябр Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раҷеш Уике, сафири фавқулода ва томулихтиёри ҷумҳурии Ҳинд дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дар бораи доираи васеи мавзӯоти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъмини амнияту субот ва табодули таҷрибиёти дуҷониба табодули назар шуд.