Декабр 07, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи донишҷӯ - намоде аз истикборситезии миллати Эрон

Имрӯз панҷшанбе ҳафтуми декабр 2017 (шонздаҳуми озари 1396) дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи донишҷӯ номгузорӣ шудааст.

16 озари соли 1332 ҳиҷрии шамсӣ (6 декабри соли 1953 мелодӣ), донишҷӯёни Эрон, ҳамзамон бо сафари Ричард Никсон, муовини раиси ҷумҳурии вақти Амрико ба Эрон дар эътироз ба дахолатҳои Вашингтон дар умури дохилии Эрон, муқобили донишгоҳи Теҳрон тазоҳурот карданд. Ин тазоҳурот бо юриши низомиёни режими дастнишонда ва комилан вобастаи паҳлавӣ ба хоку хун кашида шуд. Дар юриши низомиёни режими паҳлавӣ ба тазоҳуркунандагон, се донишҷӯи эронӣ ба шаҳодат расиданд ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Рӯзи донишҷӯ, ёдовари мақтае аз таърихи муборизоти миллати Эрон зидди сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико дар Эрон аст. Аз ин рӯ, воқеаи 16 озар дар шаклгирӣ ва ҳувиятбахшӣ ба муборизоти донишҷӯӣ дар Эрон аз аҳамияти хоссе бархурдор аст.

Бархурдорӣ аз гуфтумони истикборситезӣ ва ормонгароии динӣ ва инқилобӣ, барҷастатарин шохисаҳои ҷунбиши донишҷӯии Эрон аз замони шаклгирӣ то ба имрӯз аст.

Баррасии ҳувияти таърихӣ ва раванди шаклгирӣ ва нақшофариниҳои ҷунбиши донишҷӯӣ дар Эрон низ нишон медиҳад, ки қишри донишҷӯ ҳамвора бо ташхис ва таҳлили дуруст, рисолати худро дар чорчуби масолеҳ ва манофеи миллии Эрон таъриф кардааст.

 

Барчасп