Декабр 10, 2017 18:31 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: БАРҶОМ, бидуни баҳрамандии Эрон идома пайдо нахоҳад кард

Муовини Созмони энержии атомии Эрон гуфт: БАРҶОМ бидуни баҳрамандии Эрон аз манофеи он идома пайдо нахоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангуи Созмони энержии атомии Эрон бо таъкид бар интиқоли ин паём ба амрикоиҳо тавассути вазири умури хориҷаи Британия, ки идомаи БАРҶОМ бидуни баҳрамандии Эрон аз мазоёи он наметавонад идома ёбад, тасреҳ кард: Мавзуи аслӣ дар ин хусус таомулоти бонкӣ аст ва бояд талош кард, то аз равияе, ки Вашингтон бонкҳои бузургро аз ҳамкорӣ бо Эрон тарсонад, тағйир ёбад .

Беҳрӯзи Камолвандӣ бо ишора ба аҳаммияти музокироти рӯзи якшанбеи вазири умури хориҷаи Британия бо Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар Теҳрон афзуд: Давлати Британия ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки нақши ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа, бориз аст ва бидуни Эрон масоили минтақа қобили ҳал нест .

Сухангуи Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Дар адабиёти Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Британия комилан мушаххас аст, ки барои ҳалли масоили минтақа бояд ҷумҳурии исломии Эронро ба унвони омиле аслӣ дар мавзуоти мухталиф дар назар гирифт, ки ин мавзуъ бисёр муҳим аст .

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Британия рӯзи шанбе дар садри ҳайъате сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ройзанӣ бо мақомоти олирутбаи ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуд .

 

Барчасп