Декабр 11, 2017 17:44 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Афкори умумии давлатҳои ҷаҳон иқдоми Трампро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ончи дар афкори умумии давлатҳои ҷаҳон баъд аз эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ мушоҳида шуд, иҷмои ҷаҳонӣ дар маҳкумияти иқдоми шармовари Доналд Трамп буд.

Баҳроми Қосимӣ дар ҷамъи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ афзуд: Ин мавзуъ ҳатто бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои арабиро даргир кард .

Қосимӣ, сафари ҳайъати баҳрайнӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳамзамон бо тасмими Амрико барои интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудси ишғолиро иқдоме нобаҷо, хато ва шармовар хонду гуфт: Ин амр чеҳраи бархе кишварҳои арабии ҳомии ишғолгариро комилан мушаххас кардааст .

Ӯ тасреҳ кард: Бархе аз алоиму таҳлилҳо ҳокӣ аз ин аст, ки бархе аз кишварҳои бисёр маҳдуд дар ҷарёни ин иқдоми Амрико қарор доштанд ва ҳамоҳангиҳо бо онҳо сурат гирифтааст .

Қосимӣ дар бораи хабари мунташиршуда аз сӯи Созмони милали муттаҳид мабнӣ бар инки мушаки партобшуда аз сӯи Яман ба Арабистон, сохти Эрон будааст, гуфт: Хабарсозӣ бо аҳдофи хос сурат гирифтааст ва ҳеч эътиборе надорад .

Ба гуфтаи вай, мавозеи Эрон дар бораи Яман, равшану бидуни дахолат дар масоили ин кишвар аст .