Баргузории ҳамоиш дар бораи амнияти минтақаӣ дар Теҳрон
Ҳамоиши «Терроризм, ифротгароӣ ва амнияти минтақаӣ дар ғарби Осиё» рӯзи сешанбе дар Теҳрон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Сайидмаҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Эрон дар ин ҳамоиш гуфт, барои шинохти терроризм бояд бистарҳо ва решаҳои онро шинохт. Алавӣ таъкид кард, ифротгароии мазҳабӣ дар ҳар дине ба ҳаракатҳои номаъқулу ноҳинҷор, аз ҷумла терроризм мунҷар мешавад. Ӯ афзуд, нафси мазҳабу дин хостгоҳи терроризм нест ва ин ки Аврупо ва Амрико саъй карданд, Исломро маншаи терроризм нишон диҳанд, ин масъалае аст, ки бояд дар нишасту конфронсҳо ба он пардохт.
Вазири иттилооти Эрон гуфт, имрӯз ДИИШ ҳокимият надорад, вале вуҷуд дорад ва ба дунболи даст ёфтан ба замин дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ аст, то аз ин тариқ он чиро хилофати исломӣ меноманд, эҳё кунанд. Сайидмаҳмуди Алавӣ ҳамчунин истеъмор, ишғол ва таҳқири мусалмононро заминасози бурузи ифротгароӣ дониста афзуд, асабияти ваҳҳобият дар Арабистон аз дигар авомили ифротгароӣ аст, ки фирқаҳои исломиро такфиру қатли мусалмононро мубоҳ кардааст.