Декабр 13, 2017 17:22 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури исломии Эрон дар Нишасти фавқулодаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Истанбул барои муқобила бо тасмими нодурусту ғайриқонунии Амрико дар бораи Қудс ҳафти пешниҳод ба ҷаҳони ислом ироа кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ин нишаст аз ширкаткунандагон хост, иқдоми Амрикоро дар эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ маҳкум кунанд .

Вай гуфт: Пешниҳоди дуввум зарурати ваҳдати ҷаҳони ислом дар баробари режими саҳюнистӣ аст, зеро ҳамаи муъзалоти ҷаҳони ислом аз тариқи гуфтугӯ қобили ҳал аст .

Рӯҳонӣ дар пешниҳоди сеюми худ изҳор кард: Давлати Амрико бояд мутаваҷҷеҳи ин воқеият бишавад, ки ҷаҳони ислом дар қиболи сарнавишти Фаластину Қудс бетафовут набудааст ва ба сухра гирифтани мусавваботи байналмилалӣ ва назароти аксарияти қариб ба иттифоқи ҷомеаи байналмилалӣ дар мавзуи Фаластин, бидуни ҳазинаи сиёсӣ нахоҳад буд .

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Пешниҳоди чаҳорум ин аст, ки кишварҳои исломӣ ба таври якпорча дар гуфтугӯ бо шарикони Амрико ба вижа кишварҳои аврупоӣ, мухолифати худро бо иқдоми ахири Амрико матраҳ кунанд ва бар зарурати пойдории ҳамаи кишварҳо дар баробари ин тасмим таъкид намоянд .

Рӯҳонӣ бозгашти Фаластин ба садри масоили ҷаҳони исломро ба унвони пешниҳоди панҷуми худ матраҳ карду гуфт: Бо шикасти ДИИШ дар Ироқу Сурия ва зарурати идома ёфтани мубориза бо дигар гурӯҳҳои террористӣ, набояд аз хатароти режими саҳюнистӣ аз ҷумла зарродхонаи ҳастаии ин режим, ки кулли ҷаҳонро таҳдид мекунад, ғофил шуд .

Рӯҳонӣ мушорикати ҳайъатҳои намояндагии кишварҳои исломӣ дар Созмони милали муттаҳид ва расади мустамари таҳаррукоти режими саҳюнистиро ба унвони пешниҳодҳои шашуму ҳафтуми худ матраҳ карду гуфт: Созмони милали муттаҳид ба вижа Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии он дар мақтаи кунунӣ нақши калидӣ дар мухолифат бо тасмими ахири Амрико зидди Қудс доранд .

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард, Эрон барои дифоъ аз Қудс омодаи ҳамкории бидуни пешшарт бо ҳамаи кишварҳои исломӣ аст .

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, бузургтарин душмани яҳудиён, мусулмонону аъроб нестанд, балки тарҳи хатарноки саҳюнизм аст .