Қосимӣ: Ҳимоят аз ормони Фаластин аз усули сиёсати хориҷии Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i26889
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ҳимояти Теҳрон аз ормони миллати Фаластин гуфт: “Мо мувофиқи бархе бандҳои асноди мунташира дар нишасти фавқулоддаи сарони кишварҳои исломӣ дар Истанбул, ки ба навъе шомили шиносоии режими саҳюнистӣ талаққӣ мешавад, нестем".
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 15, 2017 18:54 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Ҳимоят аз ормони Фаластин аз усули сиёсати хориҷии Эрон аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ҳимояти Теҳрон аз ормони миллати Фаластин гуфт: “Мо мувофиқи бархе бандҳои асноди мунташира дар нишасти фавқулоддаи сарони кишварҳои исломӣ дар Истанбул, ки ба навъе шомили шиносоии режими саҳюнистӣ талаққӣ мешавад, нестем".

Баҳром Қосимӣ шаби панҷшанбе дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар хусуси асноди тасвибшуда дар иҷлоси вазирони умури хориҷӣ ва нишасти фавқулоддаи сарони кишварҳои мусалмонӣ дар Истанбули Туркия бо мавзӯи Қудси шариф гуфт, Эрон зимни ҳимоят аз ҳуқуқи ҷудонопазири мардуми Фаластин эълом кард, ки ҳимоят аз қатъномаи дар нишасти вузарои умури хориҷии кишварҳои исломӣ тасвибшуда ва эъломияи поёни нишасти фавқулоддаи сарони кишварҳои исломӣ дар Истанбули Туркия бо мавзӯи Қудси шариф ба ҳеҷ ваҷҳ ба манзалаи шиносоии режими ғосиб ва сохтаи саҳюнистӣ аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон нест. Қосимӣ афзуд, пойдории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи адами шиносоии режими саҳюнистӣ дар ҷараёни нишасти Истанбул низ эълом ва ба сурати расмӣ ва мактуб дар ихтиёри дабирхонаи иҷлос қарор гирифтааст.

Ба дунболи изҳороти раисҷумҳури Амрико дар бораи шиносоии Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ иҷлоси фавқулоддаи сарон ва масъулони аршади 57 кишвари узви Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Истанбули Туркия баргузор шуд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабр бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаию ҷаҳонӣ Қудсро ба унвони пойтахти режими сохтаи Исроил муаррифӣ карда, аз Вазорати умури хориҷии Амрико хост, то интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Байтулмуқаддасро оғоз кунад. Ин дар ҳолест, Қудс, ки Масҷидулақсо, нахустин қиблаи мусалмононро дар худ ҷой дода, бахши ҷудонопазири Фаластин буда, яке аз муҳимтарин маконҳои сегонаи муқаддаси исломӣ ба шумор меравад ва аз ҷойгоҳу аҳамияти вижае назди мусалмонон бархурдор аст.