Декабр 16, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Убури арзиши мубодилоти тиҷории Эрон ва Чин аз марзи 43 миллиард доллар

Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Чин бо таъкид бар инки рӯйкарди Теҳрон ба тавсеаи равобит бо Пекин дарозмуддат ва роҳбурдӣ аст, эълом кард, арзиши мубодилоти тиҷории ду кишвар аз ибтидои соли ҷории милодӣ, токунун аз марзи 43 миллиард доллар убур кардааст.

Асадуллоҳи Аскаравлодӣ рӯзи шанбе афзуд, пешбини мешавад, арзиши мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодии Теҳрон – Пекин дар поёни соли 2017 ба рақами 45 миллиард доллар бирасад.

Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Чин бо ишора ба ин ки муровидоти ду кишвар дар солҳои ахир ҳамвора 55 дарсад ба нафъи Эрон ва 45 дарсад ба нафъи Чин будааст, хотирнишон кард: ҳадафгузории ду кишвар барои 10 соли оянда, расидан ба мубодилоти тиҷории 60 миллиард долларӣ дар сол аст.

Вай изҳор кард, дар ҳоли ҳозир нафт, газ ва петрошимӣ дар садри аввлавияти содироти Теҳрон ба Пекин қарор дорад.

Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Чин ҳамчунин бо баёни ин ки ду кишвар дар тӯли таърих, ҳамвора равобити тиҷорӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хубе доштаанд, афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар густариши равобит бо Чин таъкид дорад.

 

Барчасп