Декабр 17, 2017 21:47 Asia/Dushanbe
  • Эътои гувоҳиномаи MRV-и Иттиҳодияи Аврупо ба новгони нафткаши Эрон

Новгони нафткаши Эрон муваффақ ба дарёфти гувоҳиномаи MRV аз Иттиҳодияи Аврупо дар хусуси поиш, гузориш ва татобуқи интишори газҳои гулхонаӣ шуд.

Акбари Ҷабали Омилӣ, мудири фаннӣ ва амалиёти новгони Ширкати миллии нафткаши Эрон дар хусуси муқаррароти зистмуҳитии ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо дар бораи поиш, гузориш ва татобуқи интишори газҳои гулхонаӣ ‎оӣ аз каштиҳо гуфт: Дар ояндаи наздик, кашти‎ҳо бар асоси мизони интишори гази ди оксиди карбон рада‎бандӣ ва бар асоси он, тиҷорати ҷадидеро шуруъ хоҳанд кард .

Ба гуфтаи Акбари Ҷабали Омилӣ, агар як каштӣ гази ди оксиди карбони камтареро интишор диҳад, метавонад ихтилофи онро дар бозор ба каштиҳои дигаре, ки гази ди оксиди карбони бештаре тавлиду мунташир кардаанд, ба фурӯш бирасонад .

Гувоҳиномаи MRV-и Иттиҳодияи Аврупо барои тамомии каштиҳои тиҷорӣ бо вазни беш аз панҷ ҳазор тонна дар банодири кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Норвегия ва Исландия аз январи 2018 ва дар кулли банодири ҷаҳон аз январи 2019 лозимулиҷро аст .

Гувоҳиномаи татобуқ бо MRV дар маҷмуъ барои 41 фарванд аз каштиҳои новгони Ширкати миллии нафткаши Эрон содир шудааст .

Нафткашҳои эронӣ дар замони таҳрим ба далели ҷилавгирӣ аз судури гувоҳиномаҳо ва тайидияҳои тахассусӣ ва байналмилалӣ, қодир ба вуруд ба бандарҳои муҳим дар манотиқе монанди Аврупо набуданд, аммо пас аз иҷрои БАРҶОМ, ин мавонеъ ба тадриҷ бартараф шуд .

 

Барчасп