Декабр 18, 2017 21:21 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши аъзои Иттиҳодияи байнулмаҷолиси исломӣ ба иқдоми зидди Қудси Трамп

Намояндагони парлумони кишварҳои узви Иттиҳодияи байнулмаҷолиси исломӣ дар Нишасти изтирории кумитаи Фаластини ин иттиҳодия, иқдоми Амрико дар эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

Намояндагони парлумони кишварҳои узви Иттиҳодияи байнулмаҷолиси исломӣ дар Нишасти изтирории кумитаи Фаластини ин иттиҳодия, иқдоми Амрико дар эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум карданд .

Дар баёнияи поёнии ин нишаст бо таъкид бар меҳварӣ будани масъалаи Фаластин ва шаҳри Қудс ба унвони пойтахти абадии уммати исломӣ, омадааст: Ҳамаи иқдомоту талошҳои режими саҳюнистӣ бо ҳадафи тағйири вазъияти торихӣ, амокини муқаддасаи исломӣ, масеҳӣ, ҳуввият ва таркиби ҷамъиятии шаҳри Қудс ботил аст .

Кумитаи Фаластини Иттиҳодияи байнулмаҷолиси кишварҳои исломӣ, иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро таҷовузи ошкор ба ҳуқуқи миллати Фаластин дониставу овардааст: Таҳаққуқи ҳуқуқи миллати Фаластин бо бозгашти ҳамаи оворагон, озодӣ аз банди ишғол ва барпоии давлати мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудс таҷаллӣ меёбад .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабр Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти режими ҷаълии саҳюнистӣ муаррифӣ кард .

Нишасти фавқулодаи кумитаи Фаластини Иттиҳодияи байнулмаҷолиси кишварҳои исломӣ имрӯз бо ҳузури 11 кишвари исломӣ дар Теҳрон оғоз шуд .

 

Барчасп