Баидинажод: Амрико натавонист иддаоҳои зиддиэронияшро собит кунад
Сафири Эрон дар Англия гуфт, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар намоиши таблиғотӣ натавонист собит кунад, ки мушаки ямании шилликшуда ба Риёз эронӣ аст.
Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ 14-уми декабр бо такрори иттиҳомоти беасоси зидди Эрон ва дар ҳоле ки кишвараш таслиҳоте ба арзиши миллиардҳо доллар барои бомбаборони манотиқи маскунии Яман дар ихтиёри Арабистони Саудӣ қарор додааст, муддаӣ шуд, Эрон бо нақзи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ силоҳу мушак барои ҳадаф қарор додани Арабистон дар ихтиёри ҳусиҳои Яман қарор додааст.
Ҳамид Баидинажод рӯзи сешанбе дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид натавонист собит кунад, ин ҳамон мушаке буда, ки ба фурудгоҳи Арабистон исобат карда, ё пас аз қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ба Яман мунтақил шудааст. Сафири Эрон дар Англия тасреҳ кард, Никки Ҳейли бояд тавзеҳ диҳад, чӣ гуна ин ҳама силоҳ вориди Яман шуда, дар ҳоле ки ин кишвар таҳти муҳосираи комил аст ва ҳама бандару фурудгоҳҳояш таҳти контрол қарор дораду ҳатто аз вуруди маводи ғизоӣ ва дору ба Яман ҷилавгирӣ мешавад.