Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Эрон ба Яман мушак надодааст
(last modified Fri, 22 Dec 2017 12:36:46 GMT )
Декабр 22, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Эрон ба Яман мушак надодааст

Хатиби намозии ҷумъаи Теҳрон иддаои Амрикоро дар бораи кумаки мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Яман беасос хонд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, сохти мушак дар Яман, бинобар гуфтаи коршиносон, кори Эрон набудааст ва ҳеҷ нишонае ҳам дар бораи интиқоли мушак аз Эрон ба Яман вуҷуд надорад. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, Амрико миллиардҳо доллар ба Оли Сауд силоҳ мефурӯшад, то ҷанг дар минтақа бимонд ва Яман зери бомбаборон бошад, аммо ҳеҷ кишваре эътироз намекунад.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ гуфт, ҳадаф аз иқдомоти зиддиэронии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пӯшондани шикастҳои ин кишвар дар минтақа аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин гуфт, Доналд Трамп миллати Амрикоро хору залил кардааст.

Ӯ таъкид кард, иҷрои тасмими интиқоли пойтахти режими саҳюнистӣ аз Телавив ба Қудси ишғолӣ маҳол аст.