Назарҳои бархе аз мухотабон дар бораи Радиои тоҷикии Садои Хуросон -1
(last modified Sat, 23 Dec 2017 08:25:01 GMT )
Декабр 23, 2017 13:25 Asia/Dushanbe
  • Назарҳои бархе аз мухотабон дар бораи Радиои тоҷикии Садои Хуросон -1

Назарҳои бархе аз мухотабон дар бораи Радиои тоҷикии Садои Хуросон

Шавкати Муҳаммадӣ, хабарнигор:

 

МО аз ин сайт бисер, қариб ҳамарӯза истифода мекунем.

Матлабҳои видеоияшро зиёд кунед.

Дар “Ютуб” фаъол нестед. Видеоятон вимео аст, ба фикрам. Аз ссилкаи видеоҳоятон истифода бурдан мушкил.

 

Ҷонӣ Сафарзода, муҳоҷир:

Сайт олӣ, аммо боз ҳам ба истиҳол олитараш кардан мумкин аст. Яъне манзури ман ин аст, ки вақте вориди сайт мешавед, агар мусиқӣ дошта бошад, хуб аст. Баъдан маводи сойт агар дар баробари катбӣ савтӣ ҳам бошад, беҳтар аст.

 

Сураҷ Назаров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ:

Бисёр як сайти хуб ва диданбоб (сафҳаи аввалаш). Агар имконият бошад, барои афкори ҷомеаро фаҳмидан пурсишҳо хам бошад, боз ҳам хуб мешавад. Манзур аз пурсиш назарпурсӣ аст.

Шахсан ман сайтҳои Украинаро бисёр мехонам ва мешавад,ки аз сайтҳои онхо баъзе чизхоро бигирем.

Баъдан ин ки хабархои сар вақт ва кам-кам воҳимаи дигар зам кардан ба ин хабарҳо як буъди дигари муҳим аст, зеро бар маҳзи ин мардум ҷалб мешаванд.