Декабр 23, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Иқболи муҷаддади ҷаҳониён ба қатъномаи Эрон барои мубориза бо ифротгароӣ  

Қатъномаи пешниҳодии ҷумҳурии исломии Эрон бо унвони “Ҷаҳони алайҳи хушунату ифротгарӣ” сеюмин бор бо иҷмои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба тасвиб расид.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон соли 2013 дар нахустин ҳузури худ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид бо таваҷҷуҳ ба хушунат ва густариши ифротгарӣ дар манотиқи мухталиф, пешниҳоди “Ҷаҳони алайҳи хушунату ифротгарӣ”-ро матраҳ кард ва бо истиқболи кишварҳои мухталифи ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд.

Ин пешниҳоди созанда сипас дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид бо раъйи 190 кишвар ба қатънома табдил шуд.

Бо табдили пешниҳоди раисҷумҳури исломии Эрон ба қатънома, дабири кулли Созмони милали муттаҳид муваззаф шуд, ҳар ду сол як бор гузорише дар бораи хушунату ифротгарӣ ба Маҷмаи умумӣ ироа кунад .

Тайиди муҷаддади қатъномаи “Ҷаҳони алайҳи хушунату ифротгарӣ” нишон аз таваҷҷуҳи кишварҳо ба ин муъзали ҷаҳонӣ дорад мавзуе, ки Ҳасани Рӯҳонӣ чаҳор соли пеш ба дурустӣ ва бо дарки паёмадҳои ин муъзал, эътилофи ҷаҳониро дар баробари он хостор шуд.

Агарчи бо нобудии хашинтарин гурӯҳи террористӣ яъне ДИИШ дар Ироқу Сурия, гоми мусбате дар масири мубориза бо ифротгарӣ бардошта шуд, аммо ҳамчунон мубориза бо ифротгарӣ ва терроризм дар абъоди мухталиф ба вижа решаҳои фикрии он, дорои аҳаммият аст.

Ончии дар ин чорчуб аз дараҷаи аҳаммият бархурдор аст ва талошҳои ҷамъиро дар мубориза бо хушунату ифротгарӣ муҳаққақ мекунад, дурӣ аз нафратпароканӣ ва нисбат надодани хушунат ба ҳар мазҳабу миллатест .

Ғуломалии Хушру, намояндаи Эрон дар Созмони милали муттаҳид бо ишора ба тасвиби муҷаддади қатъномаи пешниҳодии Эрон барои муқобилаи ҷаҳонӣ бо хушунату ифротгарӣ дар Маҷмаи умумӣ гуфт: Ин қатънома намунаи дигаре аз муваффақиятҳои Эрон дар Созмони милали муттаҳид маҳсуб мешавад .

Ҷумҳурии исломии Эрон фориғ аз мазҳабу миллате, нақши созандае дар мубориза бо терроризм дорад.

Шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ва ҳамзамон таваҷҷуҳи муҷаддади ҷаҳониён ба қатъномаи “Ҷаҳони алайҳи хушунату ифротгарӣ” нишон аз муваффақияти Эрон ҳам дар арсаи амал ва ҳам дар арсаи сиёсӣ дорад.

Талошҳои минтақаӣ ва байналмилалии Теҳрон аз ҷумҳурии исломии Эрон, кишваре сулҳталаб дар назди ҷаҳониён сохтааст .

 

Барчасп