Волейболи нишастаи мардони Эрон садрнишини радабандии ҷаҳон
(last modified Mon, 25 Dec 2017 10:25:37 GMT )
Декабр 25, 2017 15:25 Asia/Dushanbe
  • Волейболи нишастаи мардони Эрон садрнишини радабандии ҷаҳон

Тими миллии волейболи нишастаи мардони Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҷадидтарин радабандии Федератсияи ҷаҳонии параволейбол барои даҳумин соли паё-пай, садрнишини ҷаҳон шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар тозатарин радабандии Федератсияи ҷаҳонии волейбол дар сол 2017, тими волейболи нишастаи занони Эрон низ дар ҷойгоҳи шашум ҷаҳон истод.

21 декабр низ Федератсияи ҷаҳонии пароволейбол, қаҳрамонии тими волейболи нишастаи Эронро дар рақобатҳои Осиё ва Уқёнусия дар Чин, муваффақияти ин тим дар дуввумин рӯйдоди бартари соли 2017 эълом карда буд.

Тими миллии волейболи нишастаи мардони Эрон июли гузашта, бо шикасти тими Қазоқистон, қаҳрамони рақобатҳои волейболи нишастаи Осиё- Уқёнусия дар Чин шуд.