Раҳбари инқилоб: Амрико аз фосидтарин ва золимтарин ҳукуматҳои ҷаҳон аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори масъулону аъзои Шӯрои “Ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ”-и саросари Эрон, режими Амрикоро аз фосидтарину золимтарин ҳукуматҳои дунё баршумурданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо табрики солрӯзи милоди имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва гиромидошти солгарди ҳамосаи мардумии нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009) афзуданд: Ҳимояти Амрико аз ДИИШ ва террористҳои такфирӣ, ҳамдастӣ бо ҳукуматҳои золиму диктатор ҳамчун Оли Сауд ва ҳимоят аз ҷинояткорони саҳюнист ва ҷинояткороне, ки ҳар рӯз дар Яман мардумро ба хоку хун мекашанд, намунаҳоест, ки моҳияти палиду фосиди режими Амрикоро нишон медиҳад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба табъизи нажодии ҳоким бар Амрико ва системаи қазоии ин кишвар гуфтанд: Бо вуҷуди ин мушкилоту эродҳои мабноӣ, онҳо дастгоҳи қазоии дигари кишварҳо аз ҷумлаи дастгоҳи қазоии мутадайини Эронро муттаҳам мекунанд .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳазинаҳои фаровону тарҳҳои печидаи Амрикоро барои эҷоди ихтилофи сиёсӣ, мазҳабӣ, қавмӣ ва забонӣ дар Эрон, бефоида ва шикастхурда донистанду афзуданд: Ба азни илоҳӣ миллати Эрон ва низоми исломӣ дар ҳамаи арсаҳо Амрикоро маъюс хоҳанд кард .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки ҷумҳурии исломӣ бо иқтидори афзунтар ба рушду пешрафт идома медиҳад, таъкид карданд: Ин масири пешрафти Эрон дар давраи раисҷумҳури феълии Амрико ҳам идома хоҳад дошт ва доғи аз майдон хориҷ шудан ё заиф шудани ҷумҳурии исломӣ бар дили инҳо ҳам боқӣ хоҳад монд .