Декабр 27, 2017 20:14 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тарҳи ҳимоят аз инқилоби исломии Фаластин дар Маҷлиси Эрон

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон тарҳи ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластинро тасвиб карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси моддаи яки қонуни ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин, давлати ҷумҳурии исломии Эрон мукаллаф аст, аз Қудси шариф ба унвони пойтахти ҳамешагии кишвари Фаластин ҳимоят кунад .

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар саҳни алании маҷлис ва пас аз тасвиби ин тарҳ гуфт: Иқдоми раисҷумҳури Амрико зидди Қудс, тавтеае барои дунбол кардани музокироти мавсум ба раванди созиш ва латма задан ба Фаластин буд .

Раисҷумҳури Амрико рӯзи шашуми декабр Байтулмуқаддасро пойтахти режими саҳюнистӣ аз назари Амрико эълом карда буд .

 128кишвари ҷаҳон дар вокуниш ба иқдоми Трамп, 21 декабр пешнависи қатъномаи Қудсро дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид тасвиб карданд, ки бар асоси он, Созмони милали муттаҳид Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият нахоҳад шинохт .