Декабр 29, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори хатиби ҷумъаи Теҳрон ба иқдоми Трамп зидди Қудс

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, тасмими раисҷумҳури Амрико дар хусуси Қудс ва муаррифии он ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба нобудии Амрико мунҷар хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, Трамп дар ҳоли суқут аст ва иқдоми ӯ зидди Қудс илова бар ин ки аз сӯйи муттаҳидонаш мавриди интиқод қарор гирифт, мӯҷиби эътирози Созмони Милали Муттаҳид ҳам шуд. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин ба ҳазинаи ҳафттриллиондолларии масъулони пешини Амрико дар Ховари Миёна ишора карда афзуд, Амрико бо ин ҳазинаҳо дар пайи зарба задан ба Ислом, башарият, Эрон ва озодихоҳони ҷаҳон буд, аммо дар ниҳоят шикаст хӯрд.

Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ бо интиқод аз ҷиноятҳои Арабистони Саудӣ дар Яман ба шароити фоҷиабори яманиҳо ишора карда гуфт, Арабистони Саудӣ бо иддаои мусалмонӣ дар Яман ҳаммоми хун ба роҳ андохтааст ва режими Оли Сауд бояд хунрезию одамкуширо мутаваққиф кунад.