Январ 03, 2018 10:35 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии миллати Эрон дар маҳкумияти иқдоми ахири иғтишошгарон; имрӯз

Мардуми Эрони исломӣ дар маҳкумияти иқдоми ахири иғтишошгарон имрӯз (чаҳоршанбе) дар шаҳрҳои мухталиф роҳпаймоӣ хоҳанд кард.

Аз панҷшанбеи ҳафтаи гузашта теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон бо баргузории таҷаммуъ ва сар додани шиорҳое ба таъйини таклиф нашудани молбохтагони муассисоти молӣ, гаронии бархе колоҳо ва заъфи назорати давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯйи фурсатталабон ва иғтишошгарон ба ошӯб кашида шуд.

Мақомҳои амрикоӣ, режими саҳюнистӣ ва расонаҳои бегона бо сӯиистфода аз ин таҷаммуъҳои мардумӣ талош карданд, ин таҷаммуъҳоро дар масири эҷоди ихтилол ва ошӯб ҳидоят кунанд.

Хабаргузории Садо ва Симои Эрон гузориш дод, мардуми инқилобии Эрон дар Албурз, Хузистон, Кирмоншоҳ, Исфаҳон, Ҳурмузгон, Ҳамадон, Арок, Луристон, Хуросони Шимолӣ ва Гулистон рӯзи чаҳоршанбе роҳпаймоӣ хоҳанд кард.

Мардуми Теҳрон ва шаҳристонҳои ин устон низ пас аз иқомаи намози ҷумъа дар маҳкумияти иқдоми иғтишошгарон роҳпаймоӣ мекунанд.