Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Амрико ва Арабистон ҳомиёни ошӯбҳои ахир буданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i27961-Хатиби_ҷумъаи_Теҳрон_Амрико_ва_Арабистон_ҳомиёни_ошӯбҳои_ахир_буданд
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, он чӣ дар рӯзҳои ахир дар Эрон гузашт, намоише аз уқдагушоии Амрико ва муттаҳидонаш буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 05, 2018 14:02 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Амрико ва Арабистон ҳомиёни ошӯбҳои ахир буданд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, он чӣ дар рӯзҳои ахир дар Эрон гузашт, намоише аз уқдагушоии Амрико ва муттаҳидонаш буд.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, амрикоиҳо ва муттаҳидонашон пас аз шикастҳои мукаррар дар минтақа, аз ҷумла дар Сурия ва Ироқ ба дунболи эҷоди фурсати ҷадиде барои зарба задан ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони хати муқаддами ҷабҳаи муқовимат буданд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, амрикоиҳо ва муттаҳидонашон хаёл мекарданд, бо ҳимоят аз ошӯбгарон метавонанд ба Ҷумҳурии Исломии Эрон зарба бизананд, аммо миллати бобасирати Эрон монанди ҳамеша бо ҳузури ҳамосии худ боиси шикасти тарҳи ҷадиди Амрико ва муттаҳидонаш шуд. Оятуллоҳ Хотамӣ гуфт, Амрико, Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистӣ дар чанд рӯзи гузашта барои ҳимоят аз ошӯбгарон бо якдигар мусобиқа гузошта буданд ва Амрико тарроҳу Арабистони Саудӣ ҳомии молии ошӯбҳо буданд.

Пас аз барпоии намози ҷумъа намозгузорон бо баргузории роҳпаймоии густурда дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Теҳрон иқдомоти ахири ошӯбгаронро, ки эътирозҳои мадании гурӯҳе аз шаҳрвандонро ба ошӯб кашида ва ба амволи умумию хусусӣ хисорат зада буданд, ба шиддат маҳкум карданд ва бархӯрди ҷиддӣ бо онҳоро хостор шуданд.