Январ 07, 2018 21:08 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани ҳамаи сарнишинони эронии нафткаши ҳодисадида тайид намешавад/идомаи ҷустуҷуҳо

Як манбаи огоҳ, ахбори марбут бар ҷон бохтани ҳамаи сарнишинони эронии нафткаши ҳодисадидаи Эрон дар обҳои соҳили шарқи Чинро тайид накард ва гуфт: Талош барои ёфтани сарнишинони мафқудшуда идома дорад.

Ин манбаи огоҳ дар гуфтугӯ бо Ирно таъкид кард: 30 сарнишини эронӣ ва 2 шаҳрванди бангладешӣ дар ин ҳодиса мфқуд шудаанд ва мушаххас нест, ки чи иттифоқе барои онҳо рух додааст.

Вай афзуд: Ин нафткаши ҳодисадида ҳомили конденсати нафтӣ, мутааллиқ ба Эрон ва дар иҷораи ширкати кореяӣ будааст.

Вай идома дод: Акнун ҷаласаи кумитаи буҳрони ширкати милли нафткаш бо ҳузури мудирони ин ширкат дар ҳоли баргузорист ва пас аз мушаххас шудани натоиҷи баррасӣ дар бораи ин ҳодиса иттилоърасонӣ мешавад.

Ду фарванд каштӣ шанбе шаб дар обҳои соҳили шарқи Чин бо якдигар бархурд карданд, ки нафткаши ҳодисадида мутааллиқ ба Эрон ва дар иҷораи ширкати Кореяи Ҷанубӣ будааст.

Ин нафткаш, ки “Сончи” муаррифӣ шуда, ҳануз дар ҳоли сӯхтан аст ва нафти он ба дарё нашт мекунад.

Чин соати яки бомдоди имрӯз, чаҳор каштӣ барои наҷот ва се қоиқ барои тамиз кардани нафте, ки ба дарё нашт мекунад, эъзом кардааст.  

Касро Нурӣ, мудири равобити умумии Вазорати нафти Эрон низ имрӯз эълом карда буд, ки ин каштӣ мутааллиқ ба новгони ширкати милли нафткаши Эрон ва маҳмулаи он низ конденсати мутааллиқ ба ширкати миллии нафти Эрон будааст ва албатта ин каштӣ ва маҳмулаи он ҳар ду таҳти пушиши як ширкати бимаи муътабари хориҷӣ қарор доштаанд.