Оғози дуввумин конфронси амниятии Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i28117-Оғози_дуввумин_конфронси_амниятии_Теҳрон
Дуввумин конфронси амниятии Теҳрон, имрӯз (душанбе) бо ҳузури мақомҳои сиёсӣ, амниятӣ ва пажӯҳишгароне аз 49 кишвари ҷаҳон оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 08, 2018 09:15 Asia/Dushanbe
  • Оғози дуввумин конфронси амниятии Теҳрон

Дуввумин конфронси амниятии Теҳрон, имрӯз (душанбе) бо ҳузури мақомҳои сиёсӣ, амниятӣ ва пажӯҳишгароне аз 49 кишвари ҷаҳон оғоз шуд.

Дуввумин конфронси амниятии Теҳрон бо мавзӯи «Амнияти минтақаӣ дар ғарби Осиё, чолишҳо ва равандҳои навзуҳур» ва бо ҳадаф баррасии мухотироти амниятии ғарби Осиё кори худро оғоз кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа, Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар ва Генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон дар конфронси амниятии Теҳрон, суханронӣ хоҳанд кард.

Баррасии нақши Эрон, бозигарони минтақаӣ ва фаромитақаӣ дар тартиботи амниятии ғарби Осиё, нақши тавсеаи иқтисодӣ дар амнияти ин минтақа, ҳамкориҳои дифоӣ, амниятӣ ва нақши ҷабҳаи муқовамат дар амнияти ғарби Осиё, аз дигар мавзуоти мавриди баррасӣ дар ин конфронс аст.