Январ 08, 2018 14:02 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҷудоиталабӣ дар Сурия ва Ироқ хатаре барои минтақа ва ҷаҳон аст

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳаракатҳои ҷудоиталбона дар Ховари Миёнаро, хатаре барои минтақа ва ҷаҳон донист.

Муҳаммадҷаводи Зариф имрӯз (душанбе) дар дуввумин конфронси амниятии Теҳрон, дахолатҳо ва сиёсатҳои Амрико дар минтақа, аз ҷумла ҳузури низомии номашрӯи ин кишвар дар хоки Сурияро аз асоситарин чолишҳое донист, ки боиси печидагии бештари шароити минтақа шудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон, ҳифзи инсиҷом миллӣ ва тамомияти сарзаминии кишварҳои минтақаро зарурате инкорнопазир хонд ва таъкид кард, таҳаррукотИ қавмӣ ва тоифаӢ дар Сурия ва Ироқ бо гароишҳои ҷудоиталабӣ, хатарЕ барои минтақа ва ҷаҳон аст.

Зариф бо баёни ин ки аносури ДИИШ ва гурӯҳҳои мушобеҳи он, ҳанӯзи фаъол ҳастанд, гуфт, ҷилавгирӣ аз нуфӯз ва густариши ифрот дар манотиқи ҷадид, саркӯби комили хостагоҳи фикрии ифротгароён ва қатъи манобеии молии онон, ҳамчунон бояд дар муқобила бо боқимондаҳои ин тафаккури хатарнок, дар аввлавият бошад.

Вазири умури хориҷаи Эрон идомаи ишғоли Фаластин, эъломи шиносоии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ аз ҷониби Амрико ва идомаи таҷовузи Арабистон ва муттаҳидонаш ба Яманро, аз дигар омилҳои танишзо дар минтақа донист.

Дуввумин конфронси амниятии Теҳрон, имрӯз бо ҳузури мақомҳои сиёсӣ, амниятӣ ва пажӯҳишгароне аз 49 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.