Январ 09, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии дуввумин Конфронси амниятии Теҳрон

Ширкаткунандагон дар дуввумин Конфронси амниятии Теҳрон таъкид карданд, қудратҳои фароминтақаӣ боиси ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақа шудаанд.

Дар баёния поёнии дуввумин Конфронси амниятии Теҳрон омадааст: Бо вуҷуди коҳиши таҳдидоти гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ монанди ДИИШ, бархе аз сиёсатҳои нодурусти қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ ҳамчун сиёсатҳои раисҷумҳури Амрико, амнияти минтақаро бо таҳдидоти навзуҳур рӯ ба рӯ кардааст.

Ин баёния афзудааст: Минтақаи ғарби Осиё барои муқобила бо мусобиқаи таслеҳотии беравия, мудохилаи низомии қудратҳои бузурги фароминтақаӣ, ифротгарӣ ва терроризм, тавсеанаёфтагии иқтисодӣ ва мухотироти зистмуҳитӣ, ниёзманди амнияти фарогир ва мавриди қабули ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Ширкаткунандагони конфронс, ба расмият шинохта шудани Байтулмуқаддас ба унвони­пойтахти режими саҳюнистӣ аз сӯи давлат Амрикоро омили афрухтани оташи ихтилофот ва буҳрон дар минтақа донистанд.

Онон бар ҳуқуқи машрӯи мардуми Фаластин аз ҷумла ҳаққи бозгашти оворагон ба сарзамини худ, поёни ишғолгарии режими саҳюнистӣ ва ташкили кишвари Фаластин ба пойтахтии Байтулмуқаддас таъкид карданд.

Дуввумин Конфронси амниятии Теҳрон бо ҳузури мақомҳои сиёсӣ, амниятӣ ва пажуҳишгарони 49 кишвари ҷаҳон рӯзи душанбе дар Теҳрон баргузор шуд.