Оғози нишасти гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз
Нишасти байналмилалии гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо ҳузури пажӯҳишгарон, андешмандон, муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ дар Донишгоҳи Мозандарон, воқеъ дар Бобулсар (шимоли Эрон), оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин нишаст бахше аз ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯҳои фарҳангии осиёӣ аст, ки дабирхонаи доимии гуфтугӯҳои фарҳангии байналмилалӣ, тадорук дидааст.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш, тақвияти тафоҳум ва тавсеаи ҳамкориҳои осиёӣ ва муқобила бо таҳдидҳои фазояндаи хушунат ва ифротгарӣ аст.
Нишасти танаввуи фарҳангӣ дар Осиё, фурсатҳо ва зарфиятҳои таомул, гуфтугӯи фарҳангии Эрон, шарқ ва ҷанубу шарқи Осиё, ҷойгоҳи созмонҳои минтақаӣ дар ҳамкориҳои фарҳангии осиёӣ ва ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаи ЭКО, бархе аз нишастҳои ин ҳамоиши байналмилалӣ аст.
Алиакбар Ҷаъфарӣ, дабири илмии нишасти гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, рӯзм якшанбе дар оинм оғоз бакорм нишасти Бобулсар гуфт, ҳудуди 70 унвон мақола барои тарҳ дар ин нишаст ирсол шуд, ки 38 маврид барои китоби маҷмӯаи мақолоти ҳамоиш гирдоварӣ шудааст.
Ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯҳои фарҳангии осиёӣ, дирӯз дар Теҳрон оғоз ва маросими ихтитомияи ин ҳамоиш, дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор хоҳад шуд.