Август 23, 2016 16:46 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Раҳбари муаззами инқилоб аз корвони варзишии Эрон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аз қаҳрамононе, ки медал овардаанд ва низ аз ҳама варзишкорону мураббиёни пурталоши корвони варзишии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рақобатҳои олимпии Рио қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар паёми ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба корвони варзишкорони эронӣ омадааст: "Ба қаҳрамононе, ки бо овардани медал дили миллати Эронро шод карданд; ба паҳлавононе, ки аз ҳаққи худ бар асари нодовариҳо маҳрум шуданд; ба варзишкороне, ки муваффақ нашудани онон аз арзиши талошу кӯшиши онҳо намекоҳад; ба бонувони варзишкоре, ки нишонаи ифтихоромези пӯшиш зани эрониро муаррифӣ карданд, ба бонуи шуҷое, ки бо ҳиҷоби комил дар пешонии корвон дурахшид ва ба мураббиёну собиқадорони варзиши Эрон хушомад мегӯям ва аз ҳамаи шумо сипосгузорӣ мекунам".

Корвони варзишии Эрон дар 21-умин давраи бозиҳои олимпӣ, ки ба муддати ду ҳафта дар шаҳри Рио-де-Женейрои Бразилия баргузор шуд, бо касби се медали тило, як нуқра ва чаҳор медали биринҷӣ унвони 25-умин рақобатҳоро касб кард. Корвони варзишии Эрон дар олимпиадаи қаблӣ (Лондон-2012) унвони ҳабдаҳуми ҷаҳонро касб карда буд.

 

Барчасп