Январ 16, 2018 19:01 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тарҳи ҷадиди амрикоиҳо алайҳи Сурия муғойири қоидаҳои байналмилалӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия гуфт, тарҳи амрикоиҳо хилофи қоидаҳои байналмилалӣ ва тавтеае барои тамомияти арзӣ, амнияти Сурия ва минтақа аст.

Пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия Амрико эълом кардааст, ҳамроҳи гурӯҳҳои курди сурӣ қасд дорад, нерӯи ҷадиде дар Сурия ташкил диҳад.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз дар дидор бо Ҳаммуда Юсуф Саббоғ, раиси парлумони Сурия дар Теҳрон таъкид кард, идомаи мубориза бо террористҳо ва муқобила бо мудохилоти хориҷӣ мавзӯи муҳиме барои миллати Сурия аст ва бояд талош кард, то оворагони сурӣ ҳарчи зудтар ба Ватани худ бозгашта, раванди бозсозӣ дар ин кишвар оғоз шавад. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, раванди музокироту иқдомоти сиёсӣ дар бораи Сурия, ки аз Сочи оғоз шудааст, бояд то  таъмини иродаву ҳуқуқи миллат ва давлати Сурия пайгирӣ шавад ва идома ёбад. Ҳаммуда Юсуф Саббоғ низ дар ин дидор бо тақдир аз кумаку ҳимоятҳои давлату миллати Эрон аз мардуми Сурия дар мубориза бо терроризм гуфт, Димишқ ба таври расмӣ хостааст, ки нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия хориҷ шаванд ва ҳаргиз мувофиқи ҳузури онҳо дар хоки Сурия нест.

Раиси парлумони Сурия барои ширкат дар сездаҳумин конфронси парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ба Теҳрон сафар кардааст.