Январ 19, 2018 17:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бар ваҳдату инсиҷоми ҷаҳони Ислом

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, кишварҳои исломӣ бояд бо ваҳдату инсиҷом дар муқобили тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ зидди ҷаҳони Ислом истодагӣ кунанд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон ба баргузории сездаҳумин нишасти байнипарлумонии кишварҳои исломӣ дар Теҳрон ишора карда афзуд, ҳадафи душманони Эрон ва ҷаҳони Ислом аз байн бурдани Ислом аст, бинобар ин ҳушёрии кишварҳои исломӣ дар муқобили тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ зарур аст. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо интиқод аз сукути бархе аз кишварҳои исломӣ дар қиболи мавзӯи Фаластин ва Яман тасреҳ кард, сукут дар бораи мавзӯи Фаластин ба унвони қиблаи аввали мусалмонони ҷаҳон раво нест ва имрӯз ҷаҳони Ислом ниёзманди шуҷоат аст.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ таъкид кард, иқдомоти режими саҳюнистӣ зидди Эрон ва ҷаҳони Ислом бо ҳимояти Амрико ва бо ҳазинаҳои режими Оли Сауд анҷом мегирад ва кишварҳои исломӣ бояд бо қудрат, шуҷоат, ваҳдат ва инсиҷом бо ин тавтеаҳо муқобила кунанд.