Поёни размоиши муштараки артиши Эрон, намоиши иқтидори миллӣ
Панҷумин размоиши муштараки “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)- 5” артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар маҳдудаи савоҳили Халиҷи Форс ва дарёи Уммон бо муваффақият дар иҷрои барномаҳои тарроҳишуда поён ёфт.
Размоиши муштараки “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” артиши Эрон субҳи душанбе дар маҳдудаи ҷануб ва ҷануби шарқи Эрон ва савоҳили Макрон ва дарёи Аммон то мадори 15 дараҷаи шимолӣ, ки масоҳати се миллион километри мураббаъро шомил мешуд, оғоз шуду ниҳоят чаҳоршанбе бо баргузории режаи дарёӣ поён ёфт.
Дар ин размоиши муштарак нерӯҳои дарёӣ, заминӣ ва ҳавоии артиши ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур доштанд .
Бахше аз размоиши муштараки “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” дар обҳои байналмилалӣ анҷом шуду ин бахш, ду паёмро ба кишварҳои минтақа ва фароминтақаӣ мухобира кард.
Нахуст инки, паёми размоиш, “сулҳу дӯстӣ” барои кишварҳои минтақа буд ва дуввум, тавони ҷумҳурии исломии Эронро барои барқарории амнияти обҳо ва хутути интиқоли энержӣ ба намоиш гузошт .
Аҳаммияти размоиши муштараки “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)”, иртиқои сатҳи тавони нерӯҳо ва намоиши имконоти сохташуда ба дасти мутахассисони эронӣ буд.
Ҳадафи муҳими ин размоиш ҳам эҷоди ҳамоҳангӣ ва ҳамкории байни нерӯҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминии артиши Эрон ва низ ташкили утоқи амалиёти мутаҳаррик буд, то набард бо душмани фарзиро идора кунад.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар маркази роҳбурдии энержии ҷаҳон дар минтақаи ҳассоси Халиҷи Форс қарор гирифтааст ва тангаи роҳбурдии Ҳурмуз ҳам ба унвони шоҳроҳи нафтӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ дар ин минтақа қарор дорад.
Таваҷҷуҳи Эрон ба амнияти дарё ва ҳузури роҳбурдӣ дар ин арса, илова бар инки аз манофеи ҷумҳурии исломии Эрон ҳаросат мекунад, “нуқтаи иттико ва итминонбахше” ҳам барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст, то бо Эрон, ба унвони кишваре муҳиму тавонманд дар барқарории амнияти дарё таомули созанда дошта бошанд.
Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Эрон таъкид кардааст: “Ҷумҳурии исломии Эрон метавонад амнияти комили обҳои таҳти ҳокимияти худу фаротар аз онро барқарор кунад”.
Размоиши муштараки “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” артиши Эрон дар ҳамаи абъод бо муваффақият анҷом шуд.
Ин размоиш ба кишварҳои минтақаву ҷаҳониён нишон дод, Эрон аз тавоноии қобили таваҷҷуҳе дар барқарории амният дар дарёҳо бархурдор аст .