Нақшаи Амрико барои пойгоҳи дарёии матрукаи наздики Венесуэла
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122718-Нақшаи_Амрико_барои_пойгоҳи_дарёии_матрукаи_наздики_Венесуэла
Порс-Тудей. Дар миёнаи танишҳо бо Венесуэла тасовири моҳвораӣ нишон медиҳад, ки Амрико дар ҳоли барӯзрасонии як пойгоҳи матрука дар Пуэрто-Рико аст.
(last modified 2025-11-04T09:02:14+00:00 )
Ноябр 03, 2025 11:19 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи Амрико барои пойгоҳи дарёии матрукаи наздики Венесуэла
    Нақшаи Амрико барои пойгоҳи дарёии матрукаи наздики Венесуэла

Порс-Тудей. Дар миёнаи танишҳо бо Венесуэла тасовири моҳвораӣ нишон медиҳад, ки Амрико дар ҳоли барӯзрасонии як пойгоҳи матрука дар Пуэрто-Рико аст.

Фаъолиятҳои сохтмонии Амрико дар пойгоҳи дарёии собиқи “Рузвелт роудс” дар Пуэрто-Рико, ки ба муддати беш аз 20 сол баста буд, аз 17 сентябр оғоз шудааст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз “Ройтерс”, тасовири моҳвораӣ нишон додаанд, ки амалиёти поксозӣ ва бозсозии масирҳои мунтаҳӣ ба бонди фурудгоҳи ин пойгоҳ ҷараён дорад.

Аз сӯи дигар, Амрико дар ҳоли густариши зерсохтҳои фурудгоҳи ғайринизомӣ дар Пуэрто-Рико ва дар ҷазираи Сент Карво аст, ки аз ҷазоири Вирҷини ин кишвар ба шумор меравад. Ин манотиқ ҳудуди 800 километр бо Венесуэла фосила доранд.

Дар ҳамин иртибот, рӯзномаи амрикоии “Miami Herald” дар гузорише ба нақл аз манобеи огоҳ навишт: Амрико тасмим гирифтааст ба мавозее дар дохили хоки Венесуэла ҳамла кунад ва барномарезиҳои лозим барои анҷоми ин ҳамалот анҷом шуда ва мумкин аст зарфи чанд рӯз ё ҳатто чанд соати оянда оғоз шавад.

Гуфтанӣ аст, танишҳо миёни Вашингтон ва Каракас таҳти таъсири истиқрори низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар Кароиб, ба таври фазояндае дар ҳоли ташдид аст ва ба гуфтаи Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла, Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии ӯ бо иддаои “ҷанг алайҳи маводи мухаддир” ин кишвари Амрикои Ҷанубиро бо бузургтарин таҳдиди қораии як қарни ахир мувоҷеҳ карда ва ба тозагӣ аз эҳтимоли ҳамлаи заминӣ ба Венесуэла хабар додааст.