Январ 27, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Даргирии Сипоҳи посдорон бо террористҳо/ боздошти аносури ДИИШ дар минтақаи ғарби Эрон

Қароргоҳи “Наҷаф”-и неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, аз даргирии размандагони ин қароргоҳ бо террористҳои гурӯҳаки такфирии ДИИШ дар минтақаи ғарби Эрон, хабар дод.

Равобити умумии қароргоҳи “Наҷаф”-и неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо судури иттилоияе таъкид кард, бо расади дақиқи иттилоотии нируҳои қароргоҳи “Наҷаф”-и неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, як гурӯҳи террористии 21 нафара аз гурӯҳаки такфирии ДИИШ, ки аз минтақаи ғарб вориди хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон шуда буданд, таҳти таъқиб ва муроқибат қарор гирифтанд ва саранҷом субҳи рӯзи шанбе даргирӣ бо онҳо оғоз шуд.

Дар иттилоияи равобит умуми иқароргоҳи “Наҷаф”-и неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омадааст, дар даргирии размандагони ин қароргоҳ бо террористҳои гурӯҳаки такфирии ДИИШ дар минтақаи ғарби Эрон, аксарияти аъзои ин гурӯҳи 21 нафара, дастгир шудаанд.

Бар асоси ин иттилоия, даргирии неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо аносури ДИИШ, ҳамчунон идома дорад ва неруҳои амниятии Эрон ҳам дар ин даргирӣ, бо неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ҳамкорӣ доранд.

 

Барчасп