Январ 28, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи ҳафтуми Эрон дар ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО

Эрон бо сабти 10 асар дар феҳристи ҳофизаи ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), рутбаи ҳафтуми кишварҳои ҷаҳонро дар ин ҳавза доро аст.

Дабири Кумитаи миллии ҳофизаи ҷаҳонӣ бо баёни ин матлаб, афзуд, дар Эрон осори зиёде вуҷуд дорад, ки метавонанд дар ҳофизаи ҷаҳонӣ сабт шаванд ва ҳамакнун 70 асар дар феҳристи интизор ҳастанд.

Фарҳоди Назарӣ бо эъломи инки Эрон дар ҳавзаи сабти осор аз кишварҳои пешгом дар ҷаҳон аст, гуфт, кишвари мо дар байни кишварҳои осиёӣ пас аз Кореяи Ҷанубӣ ва Чин рутбаи сеюмро дорад.

Ба гуфтаи вай дар ҳофизаи ҷаҳонӣ, осоре, ки дорои асолат ва меъёрҳои арзишманди замон, макон ва ё мавзӯъ, шакл ва сабк бархӯрдор бошанд, дар се феҳристи миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба сабт мерасанд.

Ҳофизаи ҷаҳонӣ унвони барномае аз ЮНЕСКО аст, ки бо ҳадафи афзоиши огоҳии ҳамагонӣ, ҳифозати пойдор ва дастрасии ҳамаи инсонҳои ҷаҳон ба мероси мустанади башар, онро тарҳрезӣ ва нахустин бор дар соли 1992 ба ҷаҳониён, муаррифӣ кард.

Ҳофизаи ҷаҳонӣ токунун 348 асар аз сад кишвари ҷаҳонро дар худ ҷой додааст.

 

Барчасп