Оғози нишасти Кумитаи доимии конфронси байналмиллалии ҳизбҳои осиёӣ дар Теҳрон
Бисту нуҳумин нишасти Кумитаи доимии конфронси байналмиллалии ҳизбҳои осиёӣ (icapp) ва дувумин конфронси вежаи «Роҳи абрешим» дар Теҳрон оғоз шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин конфронс рӯзи ҷумъа бо мушорикати сад нафар аз раҳбарон, дабирони кулл ва мақомоти баландпояи 40 ҳизб ва созмони сиёсӣ аз 25 кишвари осиёӣ ва низ масъулони созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ оғоз ба кор кардааст.
Ширкаткунандагон дар ин конфронси байналмилалӣ дар нишастҳои мухталиф дар се мавзӯъи аслӣ; Нақши ҳизбҳо дар коҳиши танишҳо ва мувоҷиҳа бо ифротгароӣ, Аҳзоб ва тавсиъаи пойдори шаҳрӣ ва нақши аҳзоб дар тавсиъаи сиёсӣ, Табодули фарҳангӣ ва густариш мубодилоти тиҷорӣ дар масири Роҳи абрешим, суханронӣ мекунанд.
Беш аз ниме аз кишварҳои ширкаткунанда дар бисту нуҳумин нишасти Кумитаи доимии конфронси байналмиллалии ҳизбҳои осиёӣ дар Теҳрон аз кишварҳои исломӣ ҳастанд.
Раиси бисту нуҳумин нишасти Кумитаи доимии конфронси байналмиллалии ҳизбҳои осиёӣ ва дувумин конфронси вежаи «Роҳи абрешим», бар нақши таъсиргузори аҳзоб дар муқобила бо ифротгароӣ ва коҳиши танишҳои ифротгароёна таъкид кард.
Ҳасани Ғафурифард афзуд: Нақши Роҳи абрешим дар муқобила бо ифротгароӣ ва коҳиши танишҳои ифротгароёна муҳим аст, чаро ки Роҳи абрешим миллатҳои мухталифи осиёииро ба ҳам пайваст карда бо фарҳангҳои мухталиф ба табодули назар пардохтааст.
Дабири кулли аҳзоби сиёсӣ дар Осиё ҳам дар ин нишаст идомаи иҷрои Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро барои кишварҳои осиёӣ муҳим донист ва гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон нақши муҳимме дар барқарори сулҳи ҷаҳонӣ дорад.
Ҳон Ҷозе Венесиа афзуд: Бояд дар нишасти аҳзоби сиёсӣ дар Осиё якдигарро ҳимоят кард ва нишасти Теҳрон нуқтаи чархишӣ барои ҳамкории ҳизбҳо дар Осиё аст.