Феврал 02, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
  • Сафари шаш миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон

Муовини бахши гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноъати дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Дар соли гузаштаи ҳиҷрии шамсӣ (1395) беш аз шаш миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон сафар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,   Муҳаммади Муҳиби Худоӣ бештарин шумори гардишгарони хориҷиро гардишгарони зиёратӣ муаррифӣ кард ва афзуд: Устони Хуросони разавӣ дар шимолу шарқи Эрон ва марқади мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо (а), ҳар сол дар миёни устонҳои Эрон, бештарин теъдоди гардишгарони хориҷиро ба худ ихтисос медиҳад.

Ӯ афзуд: Пешбинӣ мешавад дар соли ҷории шамсӣ (1396) шоҳиди афзоиши ҳузури гардишгарони хориҷӣ дар Эрон нисбат ба соли қабл бошем.

 Ҷумҳурии исломии Эрон дорои ҳазорҳо ҷозибаи гардишгарӣ ва таърихӣ ва яке аз кишварҳои пешрав дар заминаи пизишкӣ аст, ки солона ҳазорон нафар аз кишварҳои хориҷӣ барои дармони бемориҳояшон ба он сафар мекунанд.