Феврал 04, 2018 13:30 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз ҳаққи машрӯъи худ барои тақвияти тавонмандиҳои дифоӣ ақибнишини нахоҳад кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пайравӣ аз омӯзаҳои миллӣ ва исломӣ, заррае аз ҳаққи машрӯъи худ барои тақвияти тавонмандиҳои дифоии кишвар, чашмпӯшӣ ва ақибнишинӣ нахоҳад кард. ​

Баҳроми Қосимӣ афзуд, Эрон ҳамчунон бо қудрати тамом, барномаҳо, аҳдоф ва роҳбурдҳои дифоии мавриди ниёзи худро ба хусус дар заминаи тавонмандии мушакӣ, пайгирӣ хоҳад кард.

Ӯ бо ишора ба таҷрибиёти гаронқадр ва ҳазинаҳои беҳуда таҳмил шуда бар миллат ва кишвари Эрон дар чаҳор даҳаи ахир, бахусус ҷанги таҳмилӣ, гуфт, Эрон барои таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи каёни кишвар ва дифо аз миллати худ, мунтазири иҷозаи ҳеҷ кишваре намемонад.

​Қосимӣ таъкид кард, таҷрибаи чиҳил соли ахир нишон медиҳад, душманон барои тазъиф ва костан аз тавонмандӣ ва бунияи дифоӣ ва амниятии Эрон талоши бисёре кардаанд ва ҳамвора дарсадади барқарории навъе мувозинаи низомии нобаробар ва номутавозун зидди Ҷумҳурии исломӣ ҳастанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, бешак тавонмандии Эрон сабаби хунсо шудан тавтеаҳои душманони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, хоҳад шуд ва онҳоро аз иртикоби ҳар гуна иқдоми нобахирадонае боз хоҳад дошт.