Феврал 04, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон: Амрико ба дунболи интиқоли ДИИШ ба Афғонистон аст

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири дифои Афғонистон гуфт: Амрико мехоҳад, гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз маҳликаи Сурияву Ироқ хориҷ ва ба Афғонистон мунтақил кунад.

Генерал Амири Ҳотамӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ториқшоҳи Баҳромӣ, вазири дифои Афғонистон тасреҳ кард: Амрикоиҳо ДИИШ-ро эҷод карданд, то онҳоро дар Сурияву Ироқ мудирият кунанд ва бо интиқоли онон ба Афғонистон дар паи тавҷеҳи ҳузури худ дар Афғонистон ҳастанд .

Генерал Ҳотамӣ ҳушдор дод: Амрикоиҳо собит кардаанд, душмани мусулмонон ҳастанд ва эъломи пойтахтии Қудс барои саҳюнистҳо ҷилваи дигаре аз чеҳраи мунофиқона ва душмании Амрико бо мусулмононро ба ҷаҳониён нишон дод .

Вай бо маҳкум кардани иқдомоти террористии мутааддид дар Афғонистон афзуд: Эрон ҳамвора аз тавтеаҳои бегонагон зидди мардуми Афғонистон нигарон буда ва дар солҳои гузашта тамомии талоши худро барои рафъи ранҷи мардуми мазлуми Афғонистон ба кор гирифтааст .

Вазири дифои Афғонистон ҳам дар ин тамоси телефонӣ ба равобит ва муносиботи ҳасанаи Эрону Афғонистон дар тӯли торих ишора карду гуфт: Беш аз 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузури фаъол доранд ва чунончи ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба ҳоли худ раҳо шаванд, амнияти минтақа бо буҳронҳои шадид мувоҷеҳ хоҳад шуд .

Вазири дифои Афғонистон душмани миллати Афғонистонро душмани башарият ва душмани миллати Эрон баршумурду афзуд: Эрону Афғонистон набояд аз душмани муштарак ғофил шаванд ва бояд дар мубориза бо терроризм бо якдигар ҳамкорӣ кунанд .

 

Барчасп