Феврал 06, 2018 17:31 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз ду дастоварди ҷадиди дифоӣ дар Эрон

Сомонаи “Рониши шафти мутаҳаррики 1800 асби бухори дарёӣ” ва “Сомонаи ҳифозати котдейи ҷарёни тазриқӣ” имрӯз дар шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон рӯнамоӣ шуд.

Генерал Қосими Тақизода, ҷонишини вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими рӯнамоӣ аз ин ду дастоварди пешрафтаи дифоии Эрон, сомонаи системаи “Рониши шафти мутаҳаррики 1800 асби бухори дарёӣ”-ро пешрафтатарин насли сомонаҳои рониши тундрави дарёӣ донист .

Тақизода гуфт: Тарроҳӣ ва сохти ин сомона бо такя бар тавони илмӣ ва фаннии мутахассисони дохилӣ ва бар асоси ниёзи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои дастёбӣ ба суръатҳои болотар, афзоиши қобилияти манёври шиноварҳо ва афзоиши боздеҳи рониш дар суръатҳои мухталиф анҷом шудааст .

Ҷонишини вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо ишора ба тарроҳӣ ва сохти системаи “Ҳифозати котдейи ҷарёни тазриқӣ” бо қобилиятҳои вижа барои шиноварҳо дар созмони саноеи дарёии Эрон, гуфт: Ин дастгоҳ, сомонаи комилан рақамӣ барои ҳифозат аз бадана ва тамоми аҷзои шиновар аст .

Рӯзи душанбе низ хати тавлиди анбуҳи паҳподи тактикии “Муҳоҷир-6” муҷаҳҳаз ба бомби ҳушманди нуқтазани “Қоим”, бо ҳузури генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ифтитоҳ шуд .