Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон: Мо нақше надоштем
Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон, ки ба думболи иқдоми ғайри ахлоқӣ ва табъизомези ширкати Самсунг ба вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуда буд, эълом кард, кишвараш нақше дар тақдими ҳадияҳо ба варзишкорони Олимпиадаи зимистонии Пхенчхан надоштааст.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, гуфт, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон, ки ба вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуда буд, гуфт, дар тамосҳои мукаррар бо мақомоти вазорати хориҷа, давлати Кореяи Ҷанубӣ ва ширкати Самсунг, мавзӯи эҳдо нашудани гӯшии телефони ҳамроҳ ба варзишкорони эрониро ба далели аҳамият ва ҳассосияти он, думбол кардааст.
Ба гуфтаи Қосимӣ, Kim Seong-Ho, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон зимни ибрози таассуфи фаровон аз мавзӯи пешомада, таъкид кардааст, тибқи изҳороти мақомоти расмии давлати Кореяи Ҷанубӣ, давлати Сеул ва ширкати Самсунг ҳеҷ гуна дахолате дар бурузи ин сӯитафоҳум ва тавзеи ҳадияҳо надоштаанд ва Самсунг фақат ҳомии молии Бозиҳои олимпии зимистонӣ аст.
Бархе манобе низ эълом кардаанд, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи баргузории олимпӣ, масъули тавзеи гӯшиҳои Самсунг миёни варзишкорони ҳозир дар Олимпиадаи зимистонии Пхенчхон будаанд.
Мақомҳои эронӣ узрхоҳии ширкати Самсунгро хостор шуда ва таъкид кардаанд дар ғайри ин сурат, равобити тиҷории ширкати Самсунг бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дастхуши тағйироти фаровон хоҳад шуд.