Феврал 11, 2018 22:05 Asia/Dushanbe
  • Табрики гурӯҳҳои курди ироқӣ ба муносибати солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон

Шуморе аз масъулони аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои мазҳабии курди ироқӣ дар 39-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ, бо ҳузур дар консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арбил (шимоли Ироқ), фарорасидани 22 баҳманро ба мардум ва давлати Эрон табрик гуфтанд.

Ба гузориши ИРНА, Патриарх III, раҳбари калисои ошуриҳои ҷаҳон ба ҳамроҳи усқуфи Арбил, Ҳоким Собир, ҷонишини маркази Ҳизби иттиҳодияи меҳании Курдистони Ироқ дар Арбил, Муҳаммад Салим, узви дафтари сиёсии Ҳизби сотсиалисти Курдистони Ироқ, Муҳаммад Ҳаким, узви дафтари сиёсии Ҷамоати исломии Курдистони Ироқ ва Саъдӣ Аҳмад Пира, сухангӯи Иттиҳодияи меҳании Курдистони Ироқ, рӯзи якшанбе бо Муртазо Ибодӣ, сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арбил дидор карданд ва пирӯзии Инқилоби Исломиро ба вай ва мардуми Эрон табрик гуфтанд.

Масъулони аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои мазҳабӣ дар Курдистони Ироқ, ҳамчунин аз намоишгоҳе, ки ба муносибати солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар маҳалли консулгарии Эрон дар Арбил барпо шуда буд, боздид карданд.