Паёми таслияти раисҷумҳури Озарбойҷон дар паи сониҳаи суқути ҳавопаймо дар Эрон
Раисҷумҳури Озарбойҷон дар паёме, сониҳаи суқути ҳавопаймо дар Эрон ва ҷон бохтани теъдоде аз ҳамватанонро ба давлату миллати Эрон ва хонаводаҳои бозмондагон таслият гуфт.
Дар паёми Илҳом Алиев омадааст, сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ дар Эрон ва ҷон бохтани тамомии мусофирони ин ҳавопаймо муҷиби андуҳ гардид .
Дар паём омада, ба намояндагӣ аз сӯи давлату миллати Озарбойҷон маротиби таасури амиқу ҳамдардии худро бо давлату миллати Эрон ва хонаводаҳои ҷонбохтагон иброз медорад ва бо таслият ба хонаводаҳои ҷонбохтагон аз даргоҳи Худои мутаол барои онон сабр металабад.
Як фарванд ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон” субҳи имрӯз пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва таи масири ба самти Ёсуҷ дар минтақа Денокуҳи Самирам суқут карду ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд.