Феврал 19, 2018 20:18 Asia/Dushanbe
  • Идомаи паёмҳои таслияти шахсиятҳо дар паи суқути ҳавопаймои эронӣ

Ҷамъе аз масъулони кишварҳои мухталифи ҷаҳон суқути ҳавопаймои мусофирбарии Эрон ва кушта шудани теъдоде аз шаҳрвандонро таслият гуфтанд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Башор Асад, раисҷумҳури Сурия ва Шӯрои вазирони Сурия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо ирсоли паёмҳое, ҳодисаи суқути ҳавопаймо ва ҷон бохтани ҷамъе аз ҳамватанони эрониро ба миллату давлати Эрон таслият гуфтанд .

Шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Алсабоҳ, амири Кувайт, Анҷелина Алфано, вазири  умури хориҷаи Италия ва Стефан Зиберт, сухангуи садри аъзами Олмон низ бо давлату миллати Эрон ҳамдардӣ карданд .

Александр Вучич, раисҷумҳури Сербия, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сони, амири Қатар низ бо ирсоли паёмҳои таслият, барои ҷонбохтагони ин ҳодиса орзуи раҳмату мағфират карданд .

Як фарванд ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон” якшанбе пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва таи масири ба самти Ёсуҷ дар минтақа Денокуҳи Самирам суқут карду ҳамаи 66 сарнишини он ҷон бохтанд.