Феврал 21, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Моҳигирони эронӣ аз асорат дар Арабистон озод шуданд

Мудири шилоти шаҳристони Бушеҳр дар ҷануби Эрон гуфт: 9 саёди аҳли ҷазираи Шифи ин шаҳристон пас аз ду сол асорат дар Арабистони Саудӣ озод шуданд ва субҳи имрӯз ба ватан бозгаштанд.  

Ҳасани Аҳмадӣ дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Ин саёдон сарнишинони як мотори ленҷи саёдӣ буданд, ки ду сол пеш шиновар онҳоро горди соҳили Арабистони Саудӣ дар фосилаи ду ҷазираи форсӣ ва арабӣ тавқиф кард.

Аҳмадӣ афзуд: Дар ин тавқиф молики шиновар мавриди исобати гулула қарор гирифт, ки токунун асаре аз ӯ ёфт нашудааст ва саёдони озодшуда, ки аҳли ҷазираи Шиф ҳастанд низ иттилое аз сарнавишти молики шиновар надоранд.  

Мудири шилоти шаҳристони Бушеҳр гуфт: Далели арабистониҳо барои тавқифи ин шиновар ва боздошти сарнишинони он, вуруди моҳигирони эронӣ ба обҳои сарзамини он кишвар барои саёдӣ будааст.  

Солона шумори зиёде аз шиноварҳои саёди эронӣ ва дигар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба далели вуруди ғайримуҷоз ба обҳои сарзамини якдигар барои саёдӣ, тавқиф мешаванд, аммо рафтори бархе кишварҳо бо моҳигироне, ки ба иштибоҳ вориди обҳои ҳамсоя мешаванд, хашин ва сахтгирона аст.