Март 01, 2018 17:22 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрон аз дорандагони силоҳҳои ҳастаӣ

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, амал накардани кишварҳои соҳиби силоҳи ҳастаӣ ба тааҳҳудҳои ҳуқуқии худ, бар асоси модаи шаши Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, беэътимодӣ ба зарфият ва қобилияти ин муоҳидаро дар таҳаққуқи халъи силоҳи ҳастаӣ, эҷод кардааст.

Ғуломҳусени Деҳқонӣ дар нишасти мақомоти баландпояи Конфронси халъи силоҳ дар Женева, тасреҳ кард, токунун ҳеҷ пешрафте дар заминаи халъи силоҳи ҳастаӣ падид наомадааст.

Ӯ афзуд, ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои дорандаи силоҳҳои ҳастаӣ, ҳатто дар ҳоли пешрафт ва сармоягузорӣ дар заминаи навсозии ин таслиҳот ва тавсеаи неруҳои ҳастаии худ бо тавлиди кулоҳакҳои ҳастаии навин ва муассиртар ҳастанд.

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири хориҷаи Эрон афзуд, Амрико барномаи сармоягузории худ ба мизони як триллиону  250 миллиард доллар зарфи 30 соли ояндаро барои ҷойгузинӣ ва навсозии зарродхонаи ҳастаии худ эълом карда, ки ин нигаронкунандааст.

Ғуломҳусени Деҳқонӣ гуфт, ба унвони яке аз ҳомиёни пойдори халъи силоҳи ҳастаӣ, Эрон дорои манофеи асосӣ ва мутааҳҳид ба иқдомоти густариш надодани силоҳҳои ҳастаӣ ва соири силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст.

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири хориҷаи Эрон тасреҳ кард, барномаи силоҳҳои ҳастаии режими Исроил, натиҷаи бакоргирии стандатрҳои дугона, тавассути теъдоде аз дорандагон бавижа Амрико аст.

Ба гуфтаи вай, моликияти силоҳҳои ҳастаӣ тавассути режими саҳюнистӣ, ки дорои собиқаи торики таҷовуз, ишғол ва ҷинояти ҷангӣ буда, таҳдиде барои амнияти кишварҳои фоқиди силоҳҳои ҳастаӣ дар Ховари Миёна аст.

 

 

Барчасп