Август 27, 2016 18:43 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон дар ҳавзаи ҷуғрофиёӣ ҳафт тарҳро муаррифӣ кард

Вазири дифоъ ва пуштибони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз чанд тарҳи муҳим дар ҳавзаи дифоӣ ва ҷуғрофиёӣ рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши Вазорати дифои Эрон, Ҳусейни Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон имрӯз ба муносибати "Ҳафтаи давлат" аз чанд тарҳи муҳим, шомили нахустин ҳавопаймои бесарнишини амудпарвоз бо номи "Раҳом", нахустин нармафзори бумии таъйини дақиқи мадори моҳвора, тавлиди нақшаҳои топографии себуъдӣ бо истифода аз тасвирҳои моҳвораӣ ва сомонаи нармафзори дарёфту тавлиди иттилооти моҳвораҳои пешрафта дар созмони ҷуғрофиёии Вазорат дифоъ рӯнамоӣ кард.

Ҳусейни Деҳқон дар маросими ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз ин тарҳҳо гуфт, созмони ҷуғрофиёии Вазорати дифои Эрон бо такя ба халлоқият, навоварӣ ва дониши донишмандону мутахассисони бумӣ, нухба ва коромад тавонистааст гомҳои баланде барои рафъи мавонеъ ва мушкилот дар ин ҳавза бардошта, ба пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёбад.

Сардор Деҳқон тасреҳ кард, стратегияи Вазорати дифои Эрон омодасозӣ ва баҳрабардории ҳадди аксари зарфиятҳои ин ҳавзаи роҳбурдиро барои тақвияти воситаҳои дифоӣ ва иқтидори иттилооти макони нерӯҳои мусаллаҳ  дар бар мегирад.

 

Барчасп