Март 04, 2018 22:20 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз хадамоти беназири Эрон дар парвариши истеъдоди паноҳандагони афғон

Сарпарасти Комиссари олии паноҳандагони Созмони милал аз хадамоти Эрон дар парвариши истеъдодҳои кӯдакон ва навҷавонони паноҳандаи афғон қадрдонӣ кард.

Ирина Корничи, сарпарасти Комиссари олии паноҳандагони Созмони милал дар Эрон дар ойини ихтитомияи панҷумин Ҷашнвораи афғонистоншиносӣ дар Бушеҳр, ҷануби Эрон афзуд: Ҷашнвораҳои афғонистоншиносӣ, ки ба ҳиммати масъулони давлати ҷумҳурии исломӣ барои донишомӯзони афғон баргузор мешавад, роҳе барои шинохти ҳарчи бештари онон бо кишварашон аст.  

Сарпарасти Комиссари олии паноҳандагони Созмони милал дар Эрон тасреҳ кард: Баргузории ҷашнвораҳои афғонистоншиносӣ, наслҳои дувум ва севуми ин кишварро барои фарогирии фунун ва маҳоратҳои мухталиф барои сохтани кишварашон тарғиб ва ташвиқ мекунад.  

Ирина Корничи гуфт: Хадамоти ҷумҳурии исломии Эрон дар бахшҳои саломат ва омӯзиш, ҳузури ҳудуди 500 ҳазор донишомӯзи афғон дар мадрасаҳои эронӣ аз ҷумла корҳои шохиси Эрон барои атбои Афғонистон аст.

Дар ойини ихтитомияи афғонистоншиносӣ дар Бушеҳр аз бартаринҳои атбои афғони муқим дар 14 устони Эрон таҷлил шуд.

 

Барчасп