Март 05, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Таҳсини раиси музаи Ловри Фаронса аз таъриху тамаддуни Эрон

Раиси музаи Ловри Фаронса тамаддун ва таърихи Эронро сутуд.

Жан-Люк Мартинес, раиси музаи Ловри Фаронса дар нишасти хабарии ифтитоҳи намоишгоҳи «Ловр дар Теҳрон» гуфт: Тамаддун ва таърихи гузаштаи Эрон таъсири зиёде бар шаклгирии тамаддуни кунунии Аврупо доштааст.

Мартинес бо баёни инки намоишгоҳи Ловр дар Теҳрон ҳосили тавофуқи раисони ҷумҳури Эрон ва Фаронса дар соли 2016 аст, афзуд: Дар ин намоишгоҳ осоре аз Мисри бостон, Рум, Байнаннаҳрайн ва осори салтанатии Фаронса дида мешавад.

Вай гуфт: Дар чорчуби ҳамкориҳои Эрон ва Фаронса, дар 28 март низ намоишгоҳе аз осори даврони Қоҷори Эрон дар Фаронса баргузор хоҳад шуд, ки осори ин намоишгоҳ аз кохи Гулистон ва музаи миллии Эрон интихоб шудааст.

56 асари музаи Ловр шомили беш аз 50 пайкара, нақши барҷаста, зарф, тоблу ва наққошӣ, чопи сангӣ ва ду шайъ шомили як табари биринҷӣ бо катибаи шоҳи Эйломӣ ва як абзори биринҷӣ аз Луристон дар намоишгоҳи Ловр дар Теҳрон аз имрӯз то панҷшанбе ҳаштуми март ба намоиш дармеояд.