Август 28, 2016 12:57 Asia/Dushanbe
  • Лоиҳаи интиқоли маҳкумшудагони Эрону Қирғизистон тасвиб шуд

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ лоиҳаи интиқоли маҳкумшудагони Эрону Қирғизистонро тасвиб карданд.

Ба гузориши ИРНА, имрӯз намояндагон дар идомаи ҷаласаи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ лоиҳаи мувофиқатномаи интиқоли маҳкумшудагон ба ҳабсро байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ ва бо он мувофиқат карданд. Ин лоиҳаи мувофиқатномаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати интиқоли маҳкумон ба ҳабс иборат аз як муқаддима ва 22 модда аст.

Бар асоси шарҳи ин лоиҳа, дар иҷрои моддаи 20-и ин мувофиқатнома риояти асли 139 ва дар иҷрои моддаи 21-и он риояти усули 77 ва 125-и Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон зарурӣ мебошад.