Март 07, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Сохти бузургтарин шиновари аквариумии ҷаҳон дар Эрон

Нахустин шиновари ресторан - аквариумӣ ба унвони бузургтарин шиновари аквариумии ҷаҳон, бо тахассуси муҳандисони эронӣ тарроҳӣ, сохта ва ба об андохта шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, бо тавлиди шиновари ресторан-аквариумии мавсум ба “Фармонравои обҳо”, Эрон ба севумин тавлидкунандаи ин навъ аз шиноварҳо дар ҷаҳон табдил шуд.

Ин шиновари ресторан - аквариумӣ бо баданае шишаии муқовим дар баробари фишор ва зарба, ба гардишгарон имкон медиҳад дар умқи обҳои халиҷи Форс қарор гиранд ва аз наздик зебоиҳои дарёро низорагар бошанд.

Шиновари ресторан- аквариумии мавсум ба “Фармонравои обҳо” қарор аст масири ҷазираи Кеш, дар ҷануби Эрон (халиҷи Форс) - ро дар пеш гирад.

Ин шиновари ресторан- аквариумӣ 24 метр тӯл, 15 метр арз, ҳашт метр баландӣ ва севуним метр обхӯр (қисмати зериобӣ) дорад.