Март 09, 2018 16:55 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон ба ҳеҷ қудрате иҷозаи мудохила нахоҳад дод

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, ҳузури Эрон дар минтақа ба ҳеҷ қудрати хориҷӣ рабте надорад ва Эрон ба ҳеҷ қудрате иҷозаи мудохила нахоҳад дод.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, ин ки кишвари аврупоие ба унвони даллоли Амрико ба Эрон бигӯяд, “шумо дар минтақа бояд аз мо иҷоза бигиред”, пазируфтнӣ нест. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон афзуд, ҳузуру нуфузи минтақаии Эрон дар муқобили ҳузури фитнагароёна ва муфсидонаи Амрико дар минтақа аст. Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ ба нокомии тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ барои зарба задан ба Эрони исломӣ ишора карда гуфт, тамоми ин тавтеаҳо барои эҷоди нооромию шӯриш дар Эрон дар моҳҳои ахир бо басират, инояти Худованд ва роҳбарии ҳушмандонаи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хунсо шудааст.

Сиддиқӣ ҳамчунин бо табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Заҳро  ва Рӯзи зану модар эшонро улгӯи муваҳҳидони олам, озодагони ҷаҳон, улгӯи ҷаҳони Ислом ва миллати Эрон баршумурда афзуд, ҳазрати сиддиқаи тоҳира инсони комил ва улгӯи ҳама инсонҳое аст, ки ба арзишҳои инсонӣ меандешанд.